Суди олӣ муҳлати ҷазои “генерали мардумӣ”-ро кам кард

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон аризаи маҳкумшуда – шаҳрванди Тоҷикистон Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, муҳлати ҷазои ӯро аз 25 сол ба 7 сол кам кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди Олии ҷумҳурӣ, қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон аризаи маҳкумшуда – шаҳрванди Тоҷикистон Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, муҳлати ҷазои ӯро аз 25 сол ба 7 сол кам кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Суди Олии ҷумҳурӣ, қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул гардида, ҳукми суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйир дода шуд.

Ёдрас мешавад, ки Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, маъмул бо тахаллуси «Эшони Қиёмиддин», соли таваллудаш 1952, зодаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, яке аз муассисони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2018 барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Қиёмиддин Ғозиев ё худ Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ солҳои 90-уми асри гузашта яке аз рӯҳониёни маъруф ва суханварони тавонои майдони «Шаҳидон» буд. Мардум ба ӯ унвони ғайрирасмии «генерали мардумӣ» ҳам дода буданд.

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба Афғонистон рафта, бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳамкорӣ дошт. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба кишвар баргашта, узви яке аз зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. Барои хизматҳояш дар амалисозии Созишномаи зикршуда бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.