КҲФ: ҳамаи роҳҳои Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёт бозанд

Айни замон ҳамаи роҳҳои мошингард байни минақаҳои Тоҷикистон барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бозанд: рӯзҳои истироҳат роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим аз тарма тоза карда шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингарди минтақаи кӯҳистони кишвар хатари сангреза ва тармафароӣ боқӣ мемонад. “Айни замон қитъаи алоҳидаи […]

Айни замон ҳамаи роҳҳои мошингард байни минақаҳои Тоҷикистон барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бозанд: рӯзҳои истироҳат роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим аз тарма тоза карда шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингарди минтақаи кӯҳистони кишвар хатари сангреза ва тармафароӣ боқӣ мемонад.

“Айни замон қитъаи алоҳидаи роҳи мошингарди маҳаллӣ байни ноҳияи Рӯшон ва водии Бартанг бинобар сабаби фаромадани тарма баста аст”, – қайд кард номбурда.

Бино ба гуфтаи ӯ, баҳри таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва кумаки саривақтӣ ба онҳо дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳои пурхатар мунтазам таҳти назорати гурӯҳҳои наҷотдиҳандагони зудамали Кумита қарор доранд.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.