Соли 2018 ба Тоҷикистон 645 млн. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шуд

Сармоягузори хориҷӣ соли 2018 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 645 млн. доллар маблағгузорӣ намуданд, ки беш аз нисфи он сармоягузориҳои мустақим мебошанд. Соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ ё худ 645 млн. доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шуд, ки 3 млрд. сомонӣ ё худ 326 млн. доллараш сармоягузории мустақими хориҷӣ аст, хабар медиҳад […]

Сармоягузори хориҷӣ соли 2018 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 645 млн. доллар маблағгузорӣ намуданд, ки беш аз нисфи он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ ё худ 645 млн. доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шуд, ки 3 млрд. сомонӣ ё худ 326 млн. доллараш сармоягузории мустақими хориҷӣ аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Ба сурати умум айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 30,5 млрд. сомонӣ ё худ 3,23 млрд. доллар 69 чунин лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Онҳо аз 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошанд.

Аз оғози амалисозии лоиҳаҳои мазкур то 1 январи соли равон дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо нисфи маблағ аз ҳаҷми умумӣ – 15,5 млрд. сомонӣ (1,64 млрд. доллар) азхуд шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо 3,9 млд. сомонӣ (418,6 млн. доллар) азхуд шуда буд, ки 96% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил дода буд.

Лоиҳаҳои амалишаванда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (743 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (594 млн. доллар), Эксимбонки Чин (467 млн. доллар), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (403 млн. доллар), Бонки исломии рушд (148,6 млн. доллар) ва дигарон маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ҳисоби ин сармоягузориҳо дар бахши маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 9 лоиҳа, дар бахши кишоварзӣ ва обёрӣ – 23 лоиҳа, дар соҳаи энергетика – 11 лоиҳа, соҳаи нақлиёт – 16 лоиҳа, ҳамчунин лоиҳаҳо дар дигар бахшҳо амалӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон се соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ният дорад, ки наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб кунад. Ин воситаҳо дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии беруна барои солҳои 2019-2021 ҷалб мешаванд.

Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ – ҷалби 261,8 млн. доллар, соли 2020 – 255,9 млн. доллар ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин маврид қарзгиранда ҳукумат шуморида шуда, лекин хизматгузорӣ ва баргардонидани қарзҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ мегардад.

Ҷалби ин воситаҳо аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.