Дар Душанбе фестивали “Чакомаи гесӯ” баргузор мешавад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 28 феврал дар пойтахт даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии “Чакомаи гесӯ” доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, барои ташкил ва баргузории даври шаҳрии фестивал, ки дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад, аз буҷети мақомоти шаҳрдорӣ зиёда […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 28 феврал дар пойтахт даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии “Чакомаи гесӯ” доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, барои ташкил ва баргузории даври шаҳрии фестивал, ки дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад, аз буҷети мақомоти шаҳрдорӣ зиёда аз 54 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи аслии баргузории ин чорабинӣ эҳёи симои миллии занони тоҷик мебошад.

“Баргузории фестивал ба рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ тариқи намоиши беҳтарин роҳу воситаҳои нигоҳубин ва ороиши мӯй, ҳунари устову ороишгарон дар ин самт ва интихоби беҳтарин зани ороишдиҳандаи мӯи арӯс мусоидат менамояд”, – хабар доданд аз мақомоти шаҳрдорӣ.

Фестивали ҷумҳуриявии “Чакома гесӯ” тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта, дар се давр – нахустин дар мактабҳову муассисаҳо, дуюм – дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва сеюм, ҷумҳуриявӣ – санаи 2 март дар Душанбе баргузор мешавад.

Нахустин фестивали “Чакомаи гесӯ” дар Тоҷикистон 9 сол пеш гузаронида шуд. Он замон дар марҳилаи ниҳоии фестивал президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.