Сокини Хатлон дар як шаб 4 дорухонаи Суғдро ғорат кард

Шоми 20-ум ба 21 январи соли 2019 якбора чор дорухона воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳадафи ҳаракатҳои ҷиноятӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 32-солаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Дӯстмурод Нарзиев, ки соли 2017 низ барои дуздӣ дар дорухонаҳои қаламрави ин бозор маҳкум шуда буд, ба сифати гумонбар […]

Шоми 20-ум ба 21 январи соли 2019 якбора чор дорухона воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳадафи ҳаракатҳои ҷиноятӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 32-солаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Дӯстмурод Нарзиев, ки соли 2017 низ барои дуздӣ дар дорухонаҳои қаламрави ин бозор маҳкум шуда буд, ба сифати гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир шудааст.

“Ин дафъа Нарзиев аз ду дорухона 4 ҳазору 800 сомонӣ пули нақдро бо худ гирифта, дар дигар дорухонаҳо бо сабаби дарёфт накардани воситаҳои пулӣ ва ашёҳои арзишнок, бо шикастан ва корношоям кардани қулфи дар ба ҷабрдидаҳо зарари моддӣ мерасонад”, – омадааст дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта мешавад, пас аз содир намудани ҷиноят ӯ қаламрави вилояти Суғдро тарк намуда, ба хонаи худ – ноҳияи Ҷайҳун меравад ва дар ҳамон ҷо аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асоси парвандаи ҷиноятии нисбаташ бозшуда, ӯ ба ҳабс гирифта шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.