Манъи ҳаракати маршруткаҳои №4 дар Душанбе

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №4-ро, ки байни маҳаллаҳои Чиноро ва Пролетар равуо мекунанд, манъ кард. Аз 11 феврал бо ин хатсайр акнун танҳо автобусҳои тамғаи «Акиа» равуо мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ. Қобили зикр аст, ки ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №4-ро, ки байни маҳаллаҳои Чиноро ва Пролетар равуо мекунанд, манъ кард.

Аз 11 феврал бо ин хатсайр акнун танҳо автобусҳои тамғаи «Акиа» равуо мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ.

Қобили зикр аст, ки ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон қабул шудааст.

Мебояд гуфт, нахуст ҳукуматдорони пойтахт ҳаракати маршруткаҳоро дар хиёбони марказии Рӯдакӣ манъ карданд. Сипас дар дигар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла кӯчаи Неъмат Қарабоев низ ба ҳаракати микроавтобусҳо роҳ дода нашуда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазору 31 адад микроавтобусҳо ба мусофирон хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.