Хатлон: ҳалокати падари хонавода ва 2 кӯдаки ӯ аз дуди ангишт

Date:

Дар ноҳияи Кӯшониёни (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон се нафар аъзои як оила бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҳалок шуданд.

Фоҷеа субҳи 11 феврал рух дод: дар хона ҷасадҳои падари хонавода Зокир Шокирови 49-сола ва ду нафар кӯдакони ӯ – Анаси 19-сола ва Мадинаи 18-сола дарёфт шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, майор Умеда Юсуфӣ.

Ташхис нишон дод, ки Шокировҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ки бо он дар оташдонашон алов гиронда, хонаро гарм мекарданд, ҳалок шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, чунин фоҷеа аз охири соли 2017 дар Тоҷикистон рух надода буд. Моҳи декабри соли 2017 бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт сокинони ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамсарони 55-сола дар хонаашон ҳалок шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...