Ҳалокати як корманди IRS зери тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи 63-солаи мошини боркунанда (автопогрузчик) Туғён Умаров зери тарма монда, ҳалок шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон. Ин ҳодиса рӯзи 13 феврал дар километри 65-уми роҳ, 8 километр поёнтар аз нақби “Итсиқлол” рух дода, техникаи роҳнигоҳдории тамғаи ZL-50 таҳти идораи фавтида зери […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ронандаи 63-солаи мошини боркунанда (автопогрузчик) Туғён Умаров зери тарма монда, ҳалок шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон.

Ин ҳодиса рӯзи 13 феврал дар километри 65-уми роҳ, 8 километр поёнтар аз нақби “Итсиқлол” рух дода, техникаи роҳнигоҳдории тамғаи ZL-50 таҳти идораи фавтида зери тарма мондааст.

“Ҷасади ӯро аз зери тарма берун оварда, ба ихтиёри пайвандону наздиконаш ба деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб фиристодем”, – хабар доданд дар IRS.

Қобили зикр аст, ки бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ, рӯзи 13 феврал ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81-ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, вазъият дар роҳи мазкур хеле душвор боқӣ мемонад.

“Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд алҳол иҷоза нест, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода УмедаЮсуфӣ. – Хатари тармафароиҳои нави имконпазир бенищоят зиёд аст”.

Алҳол маълум нест, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин шоҳроҳ кай барқарор карда мешавад.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.