Агентии хизмати давлатӣ: “Ҷалби толибилмон ба ҷашнҳо – ғайриқонунӣ, ҷамъоварии пул – ихтиёрист”

Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон баъзе амалҳои мансабдоронро дар маҳалҳо бобати маҷбур кардани толибилмон ба пешвози меҳмонон ғайриқонунӣ мешуморад. Муовини аввали директори Агентии мазкур Гурез Қосимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи мазкурро танзим ва ҳаллу фасл мебояд кард. Дар ҳамин ҳол ӯ ба посухи вазири маориф […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон баъзе амалҳои мансабдоронро дар маҳалҳо бобати маҷбур кардани толибилмон ба пешвози меҳмонон ғайриқонунӣ мешуморад.

Муовини аввали директори Агентии мазкур Гурез Қосимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки масъалаи мазкурро танзим ва ҳаллу фасл мебояд кард.

Дар ҳамин ҳол ӯ ба посухи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ишора намуд, ки дар бораи ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои давлатӣ танҳо тибқи мувофиқа бо мақомоти он изҳори назар карда, зикр кард, ки иштироки хонандагону донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо бояд барои онҳо боиси ифтихор бошад.

Гурез Қосимзода эътироф намуд, ки дар баъзе аз ин ҳолатҳо шояд зиёдаравиҳо ҷой дошта бошанд ва ин масъалаҳо бояд дар доираи қонун ҳаллу фасл шаванд.

Ғайр аз ин рӯзноманигорон ба масъалаи хароҷоти ихтиёрӣ-маҷбурии аҳолӣ барои омодагӣ ба ҷашнҳо, ободу кабудизоркунии қаламрав ва сохтмони иншооти гуногун таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

“Ман дар ин бора маълумот надорам. Дар робита ба пулҷамъкунӣ аз табибону омӯзгорон бошад, онҳо хизматчиёни давлатӣ набуда, аз ин рӯ, дар бораи ин ҳолатҳо огаҳӣ надорам. Шояд онҳо ихтиёрӣ пул ҷамъоварӣ мекунанд, лекин дар бораи маҷбурӣ аз хизматчиёни давлатӣ ҷамъоварӣ кардани пул мо маълумот надорем”, – афзуд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.