Муҳоҷирон ва хариду фурӯши одамон: Ҷаласаи нахустини Раванди Алмаато дар Душанбе

Рӯзҳои 12-13-уми феврали соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират, буд. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон, ҳамчунин, коршиносони СММ дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама […]

Иттилоияи расмӣ

Рӯзҳои 12-13-уми феврали соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират, буд.

Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон, ҳамчунин, коршиносони СММ дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама баргузор карданд ва табодули иттилоот намуданд.

Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як раванди минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти Душанбе аввалин чорабинии ин ибтикор аз соли таъсиси он дар соли 2013 мебошад, ки таҳти Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.

Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии  Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд.

Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Раванди Алмаато барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси пойгоҳи муҳимме ҷиҳати идомаи муколама доир ба муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷирон хидмат менамояд. Ҳимояи муҳоҷирон, муқовимат ба савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, тарғиби интегратсияи муҳоҷирон ва равишҳои бунёдинаи мудирияти муҳоҷират аз ҷониби ҳукуматҳо масоили муҳимми соҳаи муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд”.

Нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё” баргузор шуд, ки он аз ҷониби Дафтари ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират, Ҳукумати ИМА (PRM-PIM USA) маблағгузорӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.