Қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ беш аз 100 млн. долларро ташкил медиҳад

Қарзи аҳолии Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик”аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ наздики 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода дар нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми қарзи аҳолӣ ҳамасола меафзояд: соли 2018 онҳо беш аз 80 млн. сомонӣ маблағи истифодаи барқро напардохтаанд. Бино ба гуфтаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи аҳолии Тоҷикистон ба ширкати “Барқи тоҷик”аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ наздики 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода дар нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми қарзи аҳолӣ ҳамасола меафзояд: соли 2018 онҳо беш аз 80 млн. сомонӣ маблағи истифодаи барқро напардохтаанд.

Бино ба гуфтаи Исмоилзода, соли гузашта аҳолии кишвар ба маблағи умумии 920 млн. сомонӣ бо нерӯи барқ таъмин шуда, ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” бошад, ҳамагӣ 840 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст.

“Дар баъзе ҳолатҳо одамон нерӯи барқро сарфакорона истифода намебаранд. Имрӯз дар деҳот аксарият аз ҳисоби барқ хонаҳояшонро гарм карда, вақте ки барои он маблағи зиёд харҷу пардохташ талаб мешавад, бо дар мавсими зимистон замони 4 соат нерӯи барқ гирифтанашон муқоиса намуда,ба ҳайрат меоянд”, – иброз дошт раиси ширкат.

Ӯ аҳолиро ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти пурраи маблағи он даъват намуда, зикр кард, ки дар муқоиса бо солҳои пешин қобилияти пардохтпазирии одамон беҳтар шуда, оилаҳои камбизоат имтиёзҳо доранд.

“Мувофиқи қарори ҳукумат, дар мавсими тобистон барои ҳар оилаи камбизоат аз ҳисоби буҷет маблағи то 250 киловатт ва дар мавсими тобистон – то 150 киловат нерӯи барқ ҷуброн шуда, маблағи барқи аз ин меъёр зиёд истифодашударо оилаҳо пардохт мекунанд”, – шарҳ дод ӯ.

Ғайр аз ин, Исмоилзода дуздии нерӯи барқро аз ҷониби бархе аз ашхос қайд карда, зикр намуд, ки бархе аз истеъмолгарон истифодаи барқро бидуни ҳисобкунак ба роҳ монда, қоидаҳои истифодаи онро риоя намекунанд.

“Соли гузашта дар ҳаҷми 153 млн. кВт\соат дуздии нерӯи барқ ошкор шуда, ба маблағи умумии 43 млн. сомонӣ санадҳо тартиб дода шуданд, ки 31 млн. сомониаш аллакай ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” ворид шуд”, – изҳор дошт вай.

Раиси ширкат таъкид дошт, ки сатҳи дуздии нисбатан зиёдтари барқ дар шаҳру навоҳии тобеи марказ, гурӯҳи ноҳияҳои Бохтари вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, илова кард ӯ, истифодабарандагони нерӯи барқ ба ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 2,3 млрд. сомонӣ қарздоранд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 октябри соли гузашта тарифи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 19,37 дирам (2,05 сент)-ро ташкил медиҳад. То ин дам аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт\соат нерӯи барқ 16,87 дирам маблағ пардохт мекард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.