Оғози фаъолияти ду ширкати мустақил дар заминаи “Барқи тоҷик”

Қарори ҳукумат дар бораи таъсиси ду ширкати нав дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” ояндаи наздик ба имзо мерасад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати молияи ширкати “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода. Ӯ қайд кард, ки дар доираи Нақшаи бозсозии сохтори ширкати “Барқи тоҷик” Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бояд то охири соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарори ҳукумат дар бораи таъсиси ду ширкати нав дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” ояндаи наздик ба имзо мерасад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати молияи ширкати “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода.

Ӯ қайд кард, ки дар доираи Нақшаи бозсозии сохтори ширкати “Барқи тоҷик” Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бояд то охири соли 2018 ба фаъолият оғоз мекарданд.

“Мутаассифона, баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар бораи воситаҳои асосӣ ва қарзҳо аз ҷониби ширкат ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тӯл кашид. Ҳаҷми ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хеле зиёд буда, гурӯҳи кории аз ҷониби Кумита таъсисёфта то охири соли гузашта танҳо баҳогузорӣ ба воситаҳои асосиро ба итмом расонид”, – иброз дошт Маҷидзода.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон баррасии қарзҳои ширкат низ ба анҷом расида, дар бораи таъсиси ширкатҳои нав лоиҳаи қарор таҳия ва ояндаи наздик барои имзо ба ҳукумат пешниҳод мегардад.

Рустам Маҷидзода таъкид намуд, ки ширкатҳои нав таъсисмеёфта таҳти раҳбарии “Барқи тоҷик” фаъолият намуда, мутаносибан ҳамаи қарзҳо дар тавозуни ширкати асосӣ боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ба аввали сол қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” 23,1 млрд. сомонӣ (наздики 2,5 млрд. доллар)-ро ташкил дода, аз худи ширкат низ корхонаву ташкилот ва аҳолӣ дар ҳаҷми беш аз 2,3 млрд. сомонӣ қарздоранд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи нақшаи инфиродии бозсозии сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳукумат ният дошт, ки то охри соли гузашта дар заминаи ширкат ду ширкати нави мустақил таъсис диҳад.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.