Муборизаи Кумитаи забон бо такрор шудани номи шаҳру ноҳияҳо

Назди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба омӯзиши масъалаи такрор шудани номи шаҳру ноҳияҳо дар кишвар машғул аст, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода. “Номҳои такрории шаҳру навоҳӣ бо номҳои зебои марбут ба таъриху ҷуғрофия ва фарҳанги ин маҳалҳо иваз карда мешаванд”, – қайд кард […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Назди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба омӯзиши масъалаи такрор шудани номи шаҳру ноҳияҳо дар кишвар машғул аст, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода.

“Номҳои такрории шаҳру навоҳӣ бо номҳои зебои марбут ба таъриху ҷуғрофия ва фарҳанги ин маҳалҳо иваз карда мешаванд”, – қайд кард ӯ, вале шумори саҳеҳи номҳои такрорёбандаи шаҳру ноҳияҳоро номбар накард.

Дар бораи табдили номи шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон ва такрори онҳо аз соли 2016 сухан меравад. Он замон мо ҳисоб карда будем, ки дар номи маҳаллаҳои аҳолинишин як номи Гулистон 38 маротиба такрор мешавад.

Ҳукуматдорон изҳор медоранд, ки табдили номи шаҳру навоҳӣ ҳадафҳои оливу наҷиб дорад: баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҳарчи бештари ҷавонону насли наврас ба арзишҳои таърихиву миллӣ. Дар бораи бо чӣ қадар хароҷот ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мансабдорон чизе намегӯянд, лекин хароҷот на он қадр ҳам кам аст.

Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобу китоби тақрибӣ, барои муҳри нав корхона – 150 сомонӣ, хизматгузории нотариус барои тасдиқи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ – 100 сомонӣ, таҳия ва гузоштани лавҳаҳо бо ду забон – 300 сомонӣ ва таҳияву гузоштани нишон (ишора) дар роҳҳои автомобилгард – 400 сомонӣ пардохт мекунад. Бо назардошти ҳамаи сохторҳои амалкунанда дар ноҳияи номаш тағйирёфта ва ҷамъи  ҳамаи маблағҳои зикршуда 50,7 ҳазор сомонӣ хароҷот ҳосил мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.