Эҳтимоли болоравии арзиши барқи Тоҷикистон барои Ӯзбекистон

Ширкатҳои электроэнергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими баҳору тобистони соли равон гуфтушунид доранд. “Гуфтушунидҳо бо ҳамтоҳои ӯзбек дар ин робита идома доранд. Дар вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳарду кишвар ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо дар ин маврид дар назар буда, шартномаи дахлдор ба имзо хоҳад расид”, – хабар дод […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкатҳои электроэнергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими баҳору тобистони соли равон гуфтушунид доранд.

“Гуфтушунидҳо бо ҳамтоҳои ӯзбек дар ин робита идома доранд. Дар вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳарду кишвар ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо дар ин маврид дар назар буда, шартномаи дахлдор ба имзо хоҳад расид”, – хабар дод муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мадумар Асозода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Ӯ қайд кард, ки ҷонибҳо аз ҷумла тарифҳои фурӯши барқи Тоҷикистонро ба кишвари ҳамсоя байни ҳам мувофиқа мекунанд.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода таъкид дошт, ки нисбат ба соли гузашта Тоҷикистон имсол барои нерӯи барқи худ ба Ӯзбекистон нархи баландтарро пешниҳод дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Ӯзбекистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон 2 сент маблағ пардохт мекард.

Дар ҳамин ҳол, тарифи миёна ба барқ дар худи Тоҷикистон 17 дирам (1,8 сент) ва арзиши аслии нерӯи барқи Тоҷикистон 16 дирам (1,7 сент)-ро ташкил медод.

Бино ба гуфтаи Асозода, имсол ба Ӯзбекистон содироти ҳудуди 1,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли сипаришуда қариб 200 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.

Тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, соли гузашта аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 1 млрд. 480 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Мебояд гуфт, Тоҷикистон аз моҳи апрели соли гузашта интиқоли барқро ба Ӯзбекистон барқарор кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.