Ба даст овардани шаҳрвандии Русия – яке аз сабабҳои зиёд шудани пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон

Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 82 ҳазору 556 ақди никоҳ баста шудааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 13 адад ақди никоҳ бекор карда шудааст. Нисбат ба соли гузашта ҳолати бекор кардани ақди никоҳ 913 адад зиёд мебошад. Омори мазкур дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 13 […]

Ҷасур Абдуллоев, Asia - Plus

Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 82 ҳазору 556 ақди никоҳ баста шудааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 13 адад ақди никоҳ бекор карда шудааст. Нисбат ба соли гузашта ҳолати бекор кардани ақди никоҳ 913 адад зиёд мебошад. Омори мазкур дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 13 феврал баргузор гардид, садо дод.

Сафаргул Бухориева, мудири шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи мазкур гуфт, ки сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳо хушунати хонаводагӣ ва мушкили иқтисодӣ аст. Аммо солҳои охир мушоҳида мешавад, ки оилаҳо барои ба даст овардани шаҳрвандаии Русия низ аз ҳам ҷудо мешаванд.

“Яке аз сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аст. Баъзе аз оилаҳо бо розигии тарафайн ақди никоҳи худро бекор мекунанд, то ки шаҳрвандии Русияро ба даст оранд”,-гуфт Сафаргул Бухориева.

Масъулини Кумитаи мазкур дар соли 2018 беш аз 100 оилаи дар садади пошхӯрӣ қарордоштаро ба созиш овардаанд. Кормандони Кумита бо ин оилаҳо ҳамкорӣ намуда, онҳоро зери назорат гирифтаанд.

Ба саволи “Азия-Плюс” дар мавриди тақдир ва теъдоди занҳои тоҷик, ки дар минтақаҳои ҷангзада қарор доранд, муовини аввали раиси Кумита Марҳабо Латифзода гуфт, ки “имрӯз дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ 43 нафар занҳои тоҷик қарор доранд. Тибқи қонунгузории ин давлатҳо занҳои тоҷикро барои иштирок дар низоҳо гунаҳкор карда, ба ҳукми абад маҳкум намудаанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон талош дорад собит созад, ки на ҳамаи ин занҳо бо хоҳиши худ ба минтақаҳои ҷангзада сафар кардаанд. Қисме аз онҳо бо исрори шавҳарон ва пайвандон ба минтақаҳои ҷангзада сафар кардаанд, яъне онҳо фиреб хӯрдаанд. Аз ин сабаб, ҷониби Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, ки ҳукми онҳо сабук карда шавад”.

Ба иттилои Марҳабо Латифзода, ҳоло дар минтақаҳои ҷангзада 92 нафар кӯдаки тоҷик низ қарор доранд ва мақомоти Тоҷикистон барои ба ватан баргардонидани онҳо кӯшиш карда истодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.