БДА Душанбе: ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бештар қоидаҳоро риоя намекунанд

Давоми як ҳафта ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба беш аз 1 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ додаанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 745 нафар ронандагон барои худсарона баромадан аз хати сайр ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 311 нафар барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани […]

Asia-Plus

Давоми як ҳафта ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба беш аз 1 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ додаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 745 нафар ронандагон барои худсарона баромадан аз хати сайр ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 311 нафар барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ҷарима шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 3,2 ҳазор ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Зикр мегардад, ки дар ин давра аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Миёни онҳо ронандаи такси Шаҳобиддин Иноятов ҳузур дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.