Муҳайё Ёқубоваи 27 – сола барои “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ба 8 – соли зиндон маҳкум гардид. Ҳукмро имрӯз, 26 феврал, Суди ноҳияи Рӯдакӣ содир намуд.
Муҳайё Ёқубова – сокини ҷамоати деҳоти Сарикишти ноҳияи Рӯдакӣ ба тани кӯдаки хурдсоли худ 10 сӯзан задааст, ки дар натиҷа кӯдак зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст, иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Рӯдакӣ. Аммо сабабӣ ба ин кор даст задани модарро ошкор накарданд.
“Зан бо моддаи 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд. Ӯ дар озодӣ қарор дорад ва то лаҳзае, ки ҳукм эътибори қонунӣ пайдо накунад, яъне муддати 10 рӯз ӯ метавонад аз болои ҳукм шикоят намояд”,-хабар доданд аз суд.
Дар ҳамин ҳол худи Муҳайё Ёқубова айби эълоншударо эътироф накарда, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба тани кӯдак сӯзан назадааст, зеро ҳеҷ модар наметавонад ин корро кунад.
Ин зан моҳи июли соли 2018 бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии кӯдаки худ боздошт гардид. Дар оғоз ӯ гуфт, ки ба хотири аз Русия баргардонидани шавҳараш ин корро кардааст, аммо баъдан аз гуфтаи худ даст кашида, иброз дошт, ки зери таҳдиди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чунин гуфтааст.
Охири моҳи июн наздикони Мудассири 9-моҳа дар бадани кӯдак сӯзанҳоро дида, ба табибон муроҷиат карданд. Кӯдакро дар Маркази миллии тиббӣ ташхис карда, табибон ба кормандони ВКД дар бораи ин ҳодиса хабар додаанд.
Ташхис мушаххас намуд, ки сӯзан дар сар, бинӣ, гардан ва қафаси синаи кӯдак қарор дорад. Дар ҷараёни ҷарроҳии аввал табибон тавонистанд ҳамагӣ 6 сӯзанро берун кунанд. Он замон пайвандони кӯдак гуфта буданд, ки чӣ гуна ба тани Мудассир роҳ ёфтани сӯзанҳоро намедонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



