Роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати поин бурдани меъёри фоизи қарзҳо

Date:

Гурӯҳи корие, ки бо супориши ҳукумат таъсис дода шудааст, айни замон ба муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ ва дарёфти роҳҳои давра ба давра паст намудани меъёри фоизи қарз машғул аст.

Мавзӯи “Муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ” дар ҷаласаи мизи мудаввари Гурӯҳи корӣ оид ба идомаи фаъолият дар самти муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ, ки 1 марти соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар самти мазкур гурӯҳи кории БМТ корҳои зиёдеро ба итмом расонида, минбаъд низ назорати татбиқи сиёсати фоизиро ҳамчун омили таъсиррасони рушди иқтисодиёти кишвар ба роҳ мондааст.

“Дар натиҷа меъёри миёнавазни қарзҳо аз 28,2 фоиз дар соли 2017 ба 26 фоиз дар соли 2018 паст карда шуда, ҳаҷми қарзҳои додашуда аз 7,7 млрд. сомонӣ ба 8,2 млрд. сомонӣ афзуд”, – қайд мешавад дар хабари Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, муовини раиси БМТ Лола Салимова  изҳор доштааст, ки зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ, махсусан ба соҳаҳои истеҳсолӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзӣ, кам кардани қарзҳои ғайрифаъол бо мақсади нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо, вусъат бахшидани амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани он, инчунин вусъат бахшидани кор ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ, яке аз масъалаҳои мубрами соҳа ба ҳисоб меравад.

Зикр мегардад, ки ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шудааст, ки то муҳлати муайян ҷиҳати муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ таклифу пешниҳодҳои худро барои корбарии минбаъдаи Гурӯҳи корӣ ирсол намоянд.

Тибқи маълумоти БМТ, ба аввали соли ҷорӣ меъёри миёнаи фоизи қарзҳо бо асъори миллӣ – 26,03% ва бо асъъори хориҷӣ – 17,22%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...