Бо Tcell дар IT Мактаби Бозаргонӣ ширкат намуда ғолиб шавед ва сармоя бигиред!

Tcell ҳамчун ширкати телекомуникатсионӣ дар баргузории нахустин ҳамоиши омодасозии бонувони тоҷир (бизнес-инкубатор) шарик шуда, ин чорабиниро дастгирӣ менамояд. BITS (Business IT School) – ин IT Мактаби Бозаргонӣ буда, иштирокчиён аз беҳтарин мураббиён дарси маҳорат мегиранд, тарҳҳои тиҷории худро пешниҳод менамоянд ва беҳтарини онҳо имкони дарёфти маблағгузориро ба лоиҳаҳои аввалияашон дарёфт менамоянд.  Қабули дархостҳо барои ширкат […]

Иттилоияи расмӣ

Tcell ҳамчун ширкати телекомуникатсионӣ дар баргузории нахустин ҳамоиши омодасозии бонувони тоҷир (бизнес-инкубатор) шарик шуда, ин чорабиниро дастгирӣ менамояд.

BITS (Business IT School) – ин IT Мактаби Бозаргонӣ буда, иштирокчиён аз беҳтарин мураббиён дарси маҳорат мегиранд, тарҳҳои тиҷории худро пешниҳод менамоянд ва беҳтарини онҳо имкони дарёфти маблағгузориро ба лоиҳаҳои аввалияашон дарёфт менамоянд. 

Қабули дархостҳо барои ширкат дар Мактаби BITS то 8 март идома хоҳад ёфт. Муаллифони 20 тарҳи беҳтарин барои таълим дар Мактаб пазируфта мешаванд. Шитобед, то дер намонед! Қабули дархостҳо бо нишонии: https://bit.ly/2IDHr49 давом дорад.

Ҳадафи асосии IT Мактаб (BITS) – баланд бардоштани зарфияти бонувону духтарон дар рушди соҳибкорӣ аст. Барнома-ҳамоиши  таълимӣ дар Мактаб 10 рӯзро фаро гирифта, тайи ин муддат иштирокчиён аз дарсҳои беҳтарин мураббиёну мушовирон баҳравар мегарданд, ҳамзамон питчинг (муаррифии тарҳу андешаҳо)-и онҳо сурат мепазирад. Дар Мактаб устодоне амсоли Шералӣ Ҷӯрабоев, Баҳриддин Наҷмудинов, Заррина Бобоева, Фаррух Султонов, Фирӯза Мирзоева, Мирзоиброҳим Умаров, Эзел Агаоғлу ба иштирокчиён дарс хоҳанд гуфт. Зимнан, Кети Пиртсхалава, директори бахши маркетинг ва коммуникатсияи Tcell низ дар ҳамоиш ширкат карда, аз таҷрибааш дар ин росто нақл мекунад.

Муаррифии ниҳоӣ дар назди 10 сармоягузор (сарпараст) имконияти дарёфти сармояро барои татбиқи лоиҳаи Шумо фароҳам меорад!   

Меъёри интихоби дархост барои ширкат дар ҳамоиш:

  1. Лоиҳа бояд мундариҷаи навоварона, роҳҳали муосири технологӣ ва IT-ро доро бошад
  2. Ба тарҳҳое, ки аз ҷониби духтарону бонувон ирсол мегарданд, афзалият дода мешавад (иштироки мардон низ маҳдуд намегардад, натиҷа аз сатҳу сифати дархостҳо вобаста аст)  
  3. Лоиҳаҳое, ки муҳтавояшон Smart house, Smart City, Smart Environment (Хонаи ҳушманд, Шаҳри ҳушманд ва Муҳити ҳушманд) мебошанд, бартарият доранд.

Мавзӯи нахустин Мактаби BITS дар Тоҷикистон – «Smart City – Smart Environment» («Шаҳри ҳушманд – Муҳити ҳушманд) мебошад. 

«Шаҳри ҳушманд» – Ин консепсияи ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ва Интернет-ашёҳо (роҳҳалҳои IoT) барои идоракунии моликияти шаҳр мебошад. Мақсади бунёд (ташаккул)-и  "Шаҳри ҳушманд" ин содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. "Шаҳри ҳушманд" бояд дастрасӣ ба муҳити тоза, амнияти комили шаҳрвандон, имкони истифода аз манобеи энергетикиро фароҳам оварда, ҳаёти осоиштаву ҳамарӯзаи сокинонро таъмин намояд.   

«Дар ҳоли ҳозир, рушди ҷомеа бевосита бо роҳҳалҳои технологияи инноватсионӣ вобаста мебошад. Фанновариҳои ҷадид, ба монанди M2M, Интернет-ашёҳо (ёдрасӣ: Интернет-ашёҳо – эҷоди шабакаи объектҳои физикӣ ("предметҳо"), ки бо технологияи муҷаҳҳаз бо якдигар ё бо муҳити беруна) ба осонӣ, ё ба таври худкор бисёр равандҳо ва суръати баланди Интернет дар ин технологияҳо сифати истеҳсолотро баланд мебардоранд. Tcell ҳамчун ширкати технологӣ ҳамеша тарҳҳоеро, ки метавонанд ба рушди соҳибкории технологӣ таъсири мусбат расонида, зиндагии мардуми оддиро беҳтар созанд, дастгирӣ менамояд»,- мегӯяд Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Лоиҳа бо кӯмаки ширкатҳои Tcell, ҶММ «Сифат Иннотех Инвест», Сафорати ИМА дар ҶТ, “Гӯшаҳои амрикоӣ дар Душанбе”, БРСМ, СҒҲ "Маркази рушди сайёҳӣ", Coca Cola, SITI ва ENT амалӣ мешавад.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.