ТАЪҶИЛӢ: Тирпаронии навбатӣ дар Ворух. Як нафар кушта шуд

Аз тири шаҳрванди Қирғизистон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як сокини ин ҷамоат. Ба қавли манбаъ, имрӯз, тахминан соати 15:10 шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ворух тир холӣ карданд. “Онҳо дар деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух оташ кушоданд. Дар натиҷа як нафар – Рафоиддин […]

admin

Аз тири шаҳрванди Қирғизистон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як сокини ин ҷамоат.

Ба қавли манбаъ, имрӯз, тахминан соати 15:10 шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ворух тир холӣ карданд.

“Онҳо дар деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух оташ кушоданд. Дар натиҷа як нафар – Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расида, як нафар – Ансориддин Ҳайдаров аз дасташ захмӣ шуд”,-гуфт сокини ҷамоат.

Боз ду нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон – Абдуғафру Воҳидов ва Насиба Зайниева аз сангпартоӣ ба ҷонибашон ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Сабаби муноқишаи навбатӣ маълум нест. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, ҷониби Қирғизистон сокинони худро мусаллаҳ менамояд.

Ҳоло роҳ аз ҷониби Исфара ба самти Ворух аз тарафи қирғизҳо баста шудааст.

“Онҳо ҳатто ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки субҳи имрӯз барои мулоқот бо сокинони ин маҳал ба Ворух омада буд, иҷозаи хуруҷ аз ин маконро надодаанд. Ҳоло онҳо якҷо бо роҳбарияти мақомоти қудратии Суғд ва шаҳри Исфара дар Ворух қарор доранд”,-хабар медиҳад манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи гузашта, 13 март пас аз барқарор кардани сохтмони роҳ дар қаламрави баҳсӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Қирғизистон оғоз шуд.

Ҷониби Қирғизистон қарори ниҳоӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишварҳоро интизор нашуда, ба сохтмони роҳ оғоз намуд. Се рӯз пеш корҳои сохтмони роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ бидуни убури қаламрави Ворух шурӯъ гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.