Набимуҳаммад Хоркашов – қаҳрамони 8 – каратаи Осиё тарки майдон кард

Паҳлавони шуҳратёри тоҷик дар риштаи самбо Набимуҳаммад Хоркашев 25 март, қабл аз оғози мусобиқаи гӯштӣ дар шаҳри Бохтар, эълон кард, ки расман майдони гуштиро тарк мекунад. Набимуҳаммад Хоркашев гуфт, ки пас аз тарки майдон кардан, бештар ба тарбияи паҳлавонони оянда машғул хоҳад шуд. Ӯ то имрӯз низ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии маҳорати олии вилояти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Азия-Плюс

Паҳлавони шуҳратёри тоҷик дар риштаи самбо Набимуҳаммад Хоркашев 25 март, қабл аз оғози мусобиқаи гӯштӣ дар шаҳри Бохтар, эълон кард, ки расман майдони гуштиро тарк мекунад.

Набимуҳаммад Хоркашев гуфт, ки пас аз тарки майдон кардан, бештар ба тарбияи паҳлавонони оянда машғул хоҳад шуд. Ӯ то имрӯз низ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Хатлон ба тарбияи варзишгарон машғул буд.

Ин паҳлавони тоҷик ба мухлисони хеш барои дастгирии ҳамешагиашон изҳори сипос намуд.

Нусратулло Файзуллоев, соҳибкори маҳаллӣ ва молики ҶСШК “Ресанда” –и шаҳри Бохтар, ки ҳамасола дар арафаи Иди Наврӯз мусобиқаи гӯштӣ ташкил менамояд, Набимуҳаммад Хоркашевро бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ кард.

Бояд гуфт Набимуҳаммад Хоркашев, яке аз паҳлавонони шинохтаи тоҷик тайи чанд соли охир ба ҳисоб мерафт. Номбурда ду карат барандаи медали нуқраи ҷоми ҷаҳон дар риштаи самбо ва 8 карат қаҳрамони ҷоми Осиё ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчунин 10 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.