Ба хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ аз имрӯз тарифҳои нав ҷорӣ мешаванд

Бо вуҷуди аз ҷониби ҳуқуқшиносон зикр гардидани ғайриқонунӣ будани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ширкатҳои мобилӣ аз соати 12-и шаби гузашта ба гузоштани тарифҳои нав ба хизматгузориҳоимобилӣ дар сомонаҳояшон омодагӣ мегирифтанд. Тавре ба “Азия-Плюс” дар яке аз чунин ширкатҳо дар ин робита иттилоъ доданд, 27 март аз соати 00:00 дар сомонаҳои ширкатҳои мобилӣ тарифҳои нав ба хизматгузорҳои […]

Asia-Plus

Бо вуҷуди аз ҷониби ҳуқуқшиносон зикр гардидани ғайриқонунӣ будани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ширкатҳои мобилӣ аз соати 12-и шаби гузашта ба гузоштани тарифҳои нав ба хизматгузориҳоимобилӣ дар сомонаҳояшон омодагӣ мегирифтанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” дар яке аз чунин ширкатҳо дар ин робита иттилоъ доданд, 27 март аз соати 00:00 дар сомонаҳои ширкатҳои мобилӣ тарифҳои нав ба хизматгузорҳои мобилӣ, ки бо Хадамоти зиддинҳисорӣ мувофиқа шудаст, гузошта мешаванд.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз 4 марти соли равон, операторони мобилии Тоҷикистон аз 4 март бояд ба интернети мобилӣ дар кишвар тарифҳои нав ҷорӣ созанд: 1 Мб – на камтар аз 5 дирам.

То ин дам як гигабайт интернет дар операторони мобилии Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошт. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки интернет дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба қимат мешавад.

Ҳамчунин тибқи ин фармоиш, алоқа тариқи NGN низ дар Тоҷикистон гарон мешавад, яъне гуфтугӯҳо тавассути ин замима 10 баробар  аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло мераванд.

Зангҳои дохили шабакаи операторони мобилӣ низ гарон мешаванд: агар қаблан як дақиқаи гуфтугӯ дар дохили шабакаи операторони Тоҷикистон тақрибан 1 дирам  нарх дошт, акнун арзиши онҳо  бо назардошти ААИ ва аксиз тақрибан 12,3 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин тағйиротҳо ба ҶСК “Тоҷиктелеком” дахл надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати адлияи Тоҷикистон мутобиқати фармоиши мазкурро ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии дорои хусусияти умумии ҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди президенти Тоҷикистон месанҷад.

Тибқи маълумоти муовини вазири адлия Абдуманнон Холиқзода, фармоиши зикршудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ба вазорат ворид нагашта, дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст