Ҳушдори КҲФ аз обхезиҳову омадани сел ва лағзиши ярч

Date:

Тибқи маълумоти Агентии гидрометеорологӣ, то охири ҳафта дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳиву доманакӯҳҳо боришоти шадид дар назар аст.

“Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад ба шусташавии соҳилҳои рӯдхонаву кӯлҳо оварда расонад. Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва сангреза вуҷуд дорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи номбурда, бар асари боришоти зиёд эҳтимоли босуръат болоравии сатҳи об дар дарёҳо мавҷуд буда, метавонад ба шусташавии заминҳои кишт, қитъаҳои роҳи паҳлӯи соҳилҳо ва пулҳо боис гардад.

“Мутаассифона, бар асари боришоти дирӯз дар яке аз ноҳияҳои кишвар, ки ба шусташавии хати соҳили канал (наҳр) дар наздикии деҳа боис гардид, дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати хунукназаронаи волидон як духтари дусола ғарқ шуд”, – қайд кард Юсуфӣ.

Дар ин робита, таъкид дошт ӯ, Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткору ҳушёр буда, кӯдаконро беназорат нагузоранд ва ҳангоми ҳузур доштан дар кӯҳҳову наздикии обанборҳо риояи қоидаҳои бехатариро фаромӯш насозанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...