Ниммарафон, пойгаи аспдавонӣ, амфитеатри нав дар ҷашни Рӯзи пойтахт

Ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба санаи 20 апрел рост меояд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷорабиниҳои сершумор баргузор мешаванд. Рӯзи 20 апрел бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бинои нави мактаби №6 дар ноҳияи Шоҳмансур (рӯ ба рӯи Театри лӯхтак) ва дар боғи ба номи […]

Asia-Plus

Ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба санаи 20 апрел рост меояд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷорабиниҳои сершумор баргузор мешаванд.

Рӯзи 20 апрел бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бинои нави мактаби №6 дар ноҳияи Шоҳмансур (рӯ ба рӯи Театри лӯхтак) ва дар боғи ба номи Фирдавсӣ (собиқ Дӯстии халқҳо) Амфитеатр ифтитоҳ мегардад.

Ғайр аз ин, дар ин рӯз бо иштироки президенти мамлакат ба корҳои таъмиру навсозии комбинати истеҳсоли орди Душанбе ҳусни оғоз бахшида мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Чорабинии асосии варзишӣ Ниммарафони 10-уми байнулмилалӣ хоҳад буд, ки дар он варзишгарони 27 кишвар рақобат мекунанд: мусобиқа соати 8-субҳ оғоз мегардад. Соати 14:00 дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ зикр карданд, ки ба ин муносибат беҳтарин кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин аз озмунҳои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар корҳои ободонии шаҳр”, “Беҳтарин мураббӣ” ва “Беҳтарин хонанда”, озмуни доваталабони дарёфти стипендияи раиси пойтахт барои беҳтарин хонандагону донишҷӯён натиҷагирӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.