Муҳоҷирон: Моро аз ягона роҳи иртибот бо пайвандон маҳрум насозед!

Гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордоштаро дар муқобили интихоби мушкиле қарор додааст: Қатъи робита бо пайвандон ё харҷи барзиёд барои харидории Интернет. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки Интернет ягона василаи иртибот бо пайвандонашон буд ва аз ин ба баъд онҳо маҷбуранд, ки ё иртиботро қатъ намоянд ё кам кунанд. Чун на ҳамаи […]

Гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордоштаро дар муқобили интихоби мушкиле қарор додааст: Қатъи робита бо пайвандон ё харҷи барзиёд барои харидории Интернет.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки Интернет ягона василаи иртибот бо пайвандонашон буд ва аз ин ба баъд онҳо маҷбуранд, ки ё иртиботро қатъ намоянд ё кам кунанд. Чун на ҳамаи сокинони кишвар имкони харидории Интернет бо нархномаи навро надоранд.

– Мо бо истифода аз Интернет бо пайвандони худ тариқи видео суҳбат менамудем, бо фарзандон дарс тайёр мекардем, онҳоро зери назорат мегирифтем. Акнун, ки нархро гарон карданд, иртиботи мо кам мегардад ва ин ба тарбияи онҳо таъсири хубе надорад,- мегӯяд яке аз муҳоҷирон.

Ҳарчанд ширкатҳои мобили аллакай тарифҳои нави худро эълон кардаву ба иҷрои қарори гароншавии Интернет пардохтаанд, муҳоҷирон боз ҳам умед доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти кишвар ин қарорро бозбинӣ мекунад ва онҳоро аз дидори пайвандонашон маҳрум намесозад.

Ёдовар мешавем, ки баҳси гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон моҳи гузашта ба миён омад. Он замон мақомоти тоҷик сабаби аслии болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистонро “ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар” ва “ҷилавгирӣ аз содиршавии ҷинояткорӣ” маънидод намуда буданд.

Бо расонаӣ шудани қарори мазкур, чанде аз созмонҳои  ғайриҳукуматӣ ва ширкатҳои мобилии интернетрасон якҷо бо мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ба музокирот пардохтанд ва натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳо ин шуд, ки қарори содиршуда ҳеҷ тағйир накард.

Ҳамакнун, бо боло рафтани нархи Интернет коршиносони соҳаи алоқаи барқӣ мегӯянд, ки ин иқдом воқеан норозигии мардумро ба бор оварда, ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.