Ӯҳдадории Тоҷикистон ба муҳлатҳои мушаххас дар дастрасии сӯзишвории имтиёзноки Русия

Тоҷикистон ҳамасола то моҳи сентябр бояд ҳаҷми дархостмешудаи маҳсулоти нафтиро аз Русия, ки соли минбаъд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мешавад, муайян ва ба Русия пешниҳод кунад. Дар ин хусус дар тағйироти воридшуда ба созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сурат гирифт, сухан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ҳамасола то моҳи сентябр бояд ҳаҷми дархостмешудаи маҳсулоти нафтиро аз Русия, ки соли минбаъд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мешавад, муайян ва ба Русия пешниҳод кунад.

Дар ин хусус дар тағйироти воридшуда ба созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сурат гирифт, сухан меравад.

Дар тағйироту иловаҳо қайд мешавад, ки Тоҷикистон то 5 сентябри ҳар соли тақвимӣ бояд ба Русия пешниҳодҳоро оид ба муайян кардани товозунҳои индикативӣ барои соли ояндаи тақвимӣ пешниҳод созад.

Мақомоти салоҳиятдори кишварҳо то санаи 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилӣ дар Тоҷикистонро барои соли минбаъда мувофиқа ва тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасананд.

Ғайр аз ин, ҳамасола то 15 ноябр ба ҷониби Русия бояд дар бораи иҷрои тавозунҳои индикативӣ давоми 9 моҳ ва эҳтимоли иҷрои онҳо дар давраи соли ҷории тақвимӣ маълумот дода шавад.

Ҳаҷми маҳсулоти нафтиеро, ки барои соли ҷорӣ бе боҷ интиқол дода мешавад, ҷонибҳо то 20 август бо назардошти дигаргун шудани вазъи истифодаи дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тағйир дода метавонанд.

Ин ҷо доир ба интиқоли бебоҷи аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории авиатсионӣ, мазут, битум, гази моеъ, кокси нафтӣ ба Тоҷикистон сухан меравад.

Дар тавозуни индикативии ҳамасола байни ҷонибҳо мувофиқамешуда маъмулан беш аз 35%-ашро бензин, 25%-ро сӯзишвории дизелӣ, 10%-ро сӯзишвории авиатсионӣ ва боқимондаро дигар маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад.

Тағйироту иловаҳо ба созишнома аз ҷониби ҳукумати Русия маъқул шуморида шуда, барои мувофиқа ва имзо ба мақомоти энергетикии ҳарду кишвар фиристода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамасола аз Русия интиқоли то 1 млн. тонна маҳсулоти нафтиро бе пардохти боҷи содиротӣ дархост мекунад, лекин ҳатто нисфи онро ҳам гирифта наметавонад.

Масалан, тибқи маълумоти оморӣ, бо ин василаи имтиёзнок соли гузашта Тоҷикистон аз Русия ҳамагӣ наздики 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ гирифтааст.

Ҳамчунин зикр мебояд кард, Тоҷикистон ба фурӯхтан ё интиқоли маҳсулоти нафтии тариқи имтиёзнок аз Русия воридшуда ба кишварҳои сеюм ҳуқуқ надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.