Раёсати ВКД: Пиёдагардон қоидавайронкунҳои асосии ҳаракат дар роҳҳои Душанбе

Тӯли ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати БДА шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории рейдҳо дар роҳҳои пойтахт 6 ронандаеро боздошт намудаанд, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора мекарданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, дар ин давра 714 ҳолати аз ҷониби пиёдагардон риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта […]

Тӯли ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати БДА шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории рейдҳо дар роҳҳои пойтахт 6 ронандаеро боздошт намудаанд, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора мекарданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, дар ин давра 714 ҳолати аз ҷониби пиёдагардон риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Дар зинаи дуюми қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ронандагони микроавтобусҳои мусофирбар (маршруткаҳо) қарор доранд, ки дар 601 ҳолат аз меъёр зиёд мусофиронро ба автомашинаҳо савор кардаанд.

Барои худсарона баромадан ё дигар кардани хати сайри нақлиёти мусофирбар 41 нафар ва барои риоя накардани меъёри суръати ҳаракат дар роҳ 90 нафар ронандагон ҷаримабандӣ шудаанд.

Дар давраи баргузории рейд ба сурати умум муддати 6 рӯзи охир дар роҳҳои Душанбе наздики 3,5 ҳазор ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.