Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз вазифа озод шуд

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифааш озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб сабукдӯш гардида, бо амри Президенти Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки зери […]

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб сабукдӯш гардида, бо амри Президенти Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки зери сарварии Озода Раҳмон қарор дорад, таъин гардид.

Икромиддин Вализода сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. То ин таъинот ӯ вазифаи муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт”-ро ба уҳда дошт.

Ҳамчунин бо амрҳои Президент Хуршед Исмоилзода, ки қаблан ба ҳайси муовини роҳбари Кумитаи андоз фаъолият дошт, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Файзулло Файзуллозода муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардиданд.

Абдукарим Абдуалимзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Хайриддин Ҳукмиддинзода муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шуд.

Хотиррасон мекунем, ки ба боло бурдани қимати интернет дар Тоҷикистон маҳз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташаббус зоҳир намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.