Сабти 70 ҳолати таъхири парвоз дар фурудгоҳи Душанбе тӯли 3 моҳ

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 70 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Сабаби асосии ин дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 43 ҳолат  аст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз ба дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 70 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шудааст.

Сабаби асосии ин дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 43 ҳолат  аст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз ба дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра фурудгоҳ ба 334,2 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ кардааст. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 449 тоннаро ташкил додааст.

Айни замон аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 12 ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, ки 4-тои онҳо ширкатҳи давлатҳои хориҷи дур (Туркия, АМА, Чин, Эрон), 7 ширкати кишварҳои ИДМ ва ширкати миллӣ – “Сомон Эйр” мебошанд.

Аз фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба 13 шаҳрҳои ҷаҳон (Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб) парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.