Ғорати филиали бонки “Эсхата” дар Хатлон, вале бебарор

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон марди 22-сола ният дошт, ки маркази хизматрасонии ҶСК Бонки Эсхатаро ғорат намояд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, мард бо ниқоб дар рӯй ва предмети ба силоҳ монанд, инчунин бо 1-адад корди хоҷагӣ ба кормандони филиали бонк дармеафтад. “Ғоратгар ба амалиётгар-нозири 27-сола ва зани 46-солаи сардори маркази хизматрасонии […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон марди 22-сола ният дошт, ки маркази хизматрасонии ҶСК Бонки Эсхатаро ғорат намояд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, мард бо ниқоб дар рӯй ва предмети ба силоҳ монанд, инчунин бо 1-адад корди хоҷагӣ ба кормандони филиали бонк дармеафтад.

“Ғоратгар ба амалиётгар-нозири 27-сола ва зани 46-солаи сардори маркази хизматрасонии филиал бо роҳи зӯроварӣ таҳдид намуда, маблағи пулии 45 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазору 250 доллари амрикоиро тасарруф мекунад”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, номбурда вақте мехоҳад, ки бо маблағҳои тасарруфнамудааш аз ҷойи ҳодиса фирор намояд, кормандони бонки мазкур муқобилият нишон дода, ӯро дастгир кардаанд.

Боздоштшуда сокини 22-солаи ноҳияи Хуросон будааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.