Оғози истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар Тоҷикистон

Date:

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст, изҳор дошт муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарипов дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи “Рафти саноаткунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ”.

Мувофиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, гузориши иқтисоди мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ қайд кард, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулотҳои нави саноатии воридотивазкунанда ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, уребча (подгузник), халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ (рони мурғ, қафаси синаи мурғ), сачоқчаҳои хушк, эмулсияи, бозичаҳои кӯдакона,трактор, ядка (прицеп),автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона,пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис ба роҳ монда шудааст.

Бино ба гуфтаи муовини аввали вазир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар аз 3% то ба 69,4% афзудааст.

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод.

Шарипов таъкид дошт, ки ҳиссаи соҳахо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл аст: электроэнергетика – 31,3%, саноати маъдан – 25,6%, саноати хӯрокворӣ – 19,0%, саноати масолеҳи сохтмон – 8,7%, саноати сабук – 7,1%, саноати мошинсозӣ – 6,1%, табъу нашр – 0,9%, саноати ангишт – 0,7% ва газ – 0,5%.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...