Омодагии Тоҷикистону Ироқ ба идомаи баррасии масъалаи бозгашти тоҷикистониён ба ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳозим Аҳмад ал-Юсуфиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин миннатдории ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар баргардондани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз қаламрави он кишвар ба ватан баён намуд. Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи ҳамкориҳои […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳозим Аҳмад ал-Юсуфиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин миннатдории ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар баргардондани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз қаламрави он кишвар ба ватан баён намуд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба идомаи ҳамкориҳои амниятӣ миёни мақомоти марбутаи ду кишвар ҷиҳати баргардондани шаҳрвандони боқимондаи мо аз Ироқ ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ 84 нафар кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Дар Ироқ онҳо ҳамроҳи модаронашон ҳузур доштанд, ки барои ҳамдастӣ бо террористон дар зиндонҳои ин кишвар адои ҷазо мекунанд.

Тибқи маълумоти охир, айни замон 43 нафар занон аз Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.