Суруди сол аз “Азия-Плюс”: Маросими нахустини тақдими ҷоизаҳо

Date:

Санаи 17 майи соли 2016 барои нахустин бор дар Тоҷикистон маросими тақдими ҷоизаҳои озмуни "Суруди сол” доир гардид. Чорабинии бузургмиқёсу пуршукӯҳ он замон бо ташаббуси радиои “Азия-Плюс” роҳандозӣ шуда буд.

Барномаи писандидатарини фароғатии телевизионӣ, даҳҳо нафар ҳунармандон – беҳтарин ситораҳои эстрада. Муддти се сол озмун бо чунин тарзу услуб гузаронида шуд.

Сипас “Суруди сол”-ро Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти сарпарастӣ гирифт. Дар Вазорат тасмим гирифтанд, ки муҳтавои озмунро тағйир диҳанд ва ба он мусиқии халқӣ ва классикиро низ дохил карданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Озмун чӣ гуна сурат мегирифт

Ҳосили дастранҷи “Азия-Плюс” то ҳол вуҷуд дорад. Леикн кам касоне дар хотир доранд, ки нахустин озмуни маъруф чӣ гуна баргузор шуда буд.

Гурӯҳи “Иқбол”, Парвина Шукруллоева, Манижа Давлатова – барои бисёре аз ҳанармандон озмун қуллаи авҷи фаъолияти эҷодиашон маҳсуб меёфт.

Овозхон ва сурудҳоро шунавандагон интихоб мекарданд. Ҳар ҳафта онҳо тариқи радиои “Азия-Плюс” овоз дода, аз рӯи натиҷаҳои он рӯйхатҳои марҳилавӣ тартиб дода мешуданд. Охири сол беҳтаринҳо дар як саҳна ҳунарамоӣ мекарданд. Чанде аз сарояндагон махсус барои иштирок дар озмун оҳангу тарона эҷод мекарданд.

Маросими нахустини тақдими ҷоизаҳо ба қадре бошаҳомату бузургмиқёс буд, ки дар толор президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳузур доштанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...