Борони сел, жола ва чангу ғубор: обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон то 26 май боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 26 май обуҳаво дар кишвар номусоид боқӣ монда, боронҳои селу жола, раъду барқ ва дар минтақаи кӯҳистон шамоли сахту ва фаромадани чангу ғубор дар назар аст. Боронҳои селосо меборанд, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст. […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 26 май обуҳаво дар кишвар номусоид боқӣ монда, боронҳои селу жола, раъду барқ ва дар минтақаи кӯҳистон шамоли сахту ва фаромадани чангу ғубор дар назар аст.

Боронҳои селосо меборанд, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст. Боришоти шадид дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сабагори нармии хоки теппаҳо мешавад ва эҳтимолияти ҳаракати онҳо вуҷуд дорад, сатҳи оби рӯдхонаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳову обанборҳо боло меравад, қайд мешавад дар хабари Кумита.

Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Зикр мегардад, ки ба кӯдакон бештар мебояд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳаргиз беназорат гузоштан лозим нест. Бахусус, ба онҳо иҷоза додан лозим нест, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд.

Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хғдро аз наздикии обанбору кӯлҳо ва дарёҳо дур гирифта, аз моҳидорӣ низ худдорӣ варзанд.

Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.