Фармондеҳи взводи қаровули фахрии Вазорати мудофиа ба сари сарбоз дос бардошт

Фармондеҳи взводи қаровули фахрии яке аз қисмҳои низомии воқеъ дар пойтахти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ лейтенант Комрон Саидамадов дар баромадан аз ҳадди вколатҳои худ гунаҳкор дониста шудааст. Охири моҳи апрели соли равон лейтенант ба ду сарбози взводи зертобеъаш супориш додааст, ки алафи назди майдони сафороиро дараванд. “Яке аз сарбозон, ки ба алаф реаксияи ғайритабиӣ (аллергия) доштааст, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Фармондеҳи взводи қаровули фахрии яке аз қисмҳои низомии воқеъ дар пойтахти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ лейтенант Комрон Саидамадов дар баромадан аз ҳадди вколатҳои худ гунаҳкор дониста шудааст.

Охири моҳи апрели соли равон лейтенант ба ду сарбози взводи зертобеъаш супориш додааст, ки алафи назди майдони сафороиро дараванд.

“Яке аз сарбозон, ки ба алаф реаксияи ғайритабиӣ (аллергия) доштааст, иҷрои супоришро рад намуда, аз сараш зарба мехӯрад, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе. – Ташхис аз рӯйи ин далел нишон дод, ки сарбоз ҷароҳати сабук бардоштааст”.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Комрон Саидамадовро дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) гунаҳкор донист.

Бо ҳукми суд муддати як сол 15% аз музди меҳнати афсари гунаҳкор ба даромади давлат гузаронида мешавад.

Комрон Саидамадов моҳи ноябри соли 2017 бо фармони вазири мудофаи Тоҷикистон фармондеҳи взводи қаровули фахрӣ таъин шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.