Tcell дар водии Зарафшон иртиботро беҳтар кард

Ширкати Тсеll дар ҳошияи барномаи таҷдид ва модернизатсияи шабакаҳои худ дар манотиқ, 6 пойгоҳи мавҷпарокании стандарти 3G-ро дар нуқтаҳои сераҳолии навоҳии Панҷакенту Айнӣ ба истифода дод!  Сокинони деҳаҳои Хушекат, Рарз, Гузари бод ва Фатмеви ноҳияи Айнӣ, инчунин ҷамоатҳои Вору ва Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент аз ин ба баъд имкони истифода аз иртибот (алоқа)-и навъи 3G-ро […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Тсеll дар ҳошияи барномаи таҷдид ва модернизатсияи шабакаҳои худ дар манотиқ, 6 пойгоҳи мавҷпарокании стандарти 3G-ро дар нуқтаҳои сераҳолии навоҳии Панҷакенту Айнӣ ба истифода дод! 

Сокинони деҳаҳои Хушекат, Рарз, Гузари бод ва Фатмеви ноҳияи Айнӣ, инчунин ҷамоатҳои Вору ва Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент аз ин ба баъд имкони истифода аз иртибот (алоқа)-и навъи 3G-ро бо тамомии бартарияташ доранд. 

Ба василаи таҷдиду навсозии шабака, аҳолии ин манотиқ имконияти пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро пайдо карданд. Бо дастрас шудани интернети баландсуръат дар шароити кӯҳистон, сокинон метавонанд аз ҳама манобеъи иттилоотӣ истифода намуда, замима-барномаҳои паёмрасон, аз ҷумла “Чӣ гап” аз Тсеll-ро дар гӯшиҳои ҳушманди худ насб намоянд. Тавсеаи шабака дар ин ҷо бархе мушкилоти мавҷударо дар пойгоҳҳои қаблӣ бартараф карда, ирсоли сигнал ва алоқаро ба маротиб беҳтар месозад. Табиист, ки дар шароити кӯҳистон чунин дастовард хеле муҳим аст. 

Ҳамчунин, дар масири шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, аниқтараш дар ҷои баромад аз нақби “Шаҳристон” то маркази ноҳияи Айнӣ насби таҷҳизоти иловагӣ, ки барои мусофирону ҷаҳонгардону сокинони маҳаллӣ имконияти беҳтар гузаронидани вақтро фароҳам меорад, ба анҷом расид.

Дар баробари насби пойгоҳҳои алоқа ва тавсеаи шабака, ширкати Tcell дар шаҳраки Саразми ноҳияи Панҷакент, ки ба феҳрасти иншооти Байналмилалии Мероси ҷаҳонӣ шомил шуда, мавзеъи дӯстдоштаи сайёҳон ба шумор меравад, таҷҳизоти иловагии навъи 3G-ро пайваст кард. Насби ин таҷҳизот ҳам дар хатти марз ва ҳам дар фосилаи бештар аз он сифати Интернетро беҳтар сохта, иртиботро таъмин менамояд. Ҳамроҳ ба ин, рӯзҳои наздик ифтитоҳи чанд маркази хизматрасонии ширкат дар манотиқи наздимарзӣ дар назар аст. Дар ин дафтарҳо сайёҳону меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон имконияти ба тарзи содда гирифтани SIM-кортҳоро хоҳанд дошт.   

Ширкати Tcell дар қаламрави вилояти Суғд тавсеаи бузургмиқёси шабакаи худро идома дода, ба одамони дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон низ имкони  истифода аз иртиботу интернетро фароҳам меорад. Ҳамин тавр, дар моҳҳои январ-феврали соли равон дар 17 нуқтаи аҳолинишин ва истгоҳи мавҷпарокании ширкат умури техникӣ ва таҷдид ба охир расида, навсозӣ дар пойгоҳҳои базавии Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва Истиқлол вазъи фаннӣ ва сифати алоқаро ба куллӣ ба гунаи мусбат тағйир дод. 

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.