Сарбозони тоҷик дар дафтарҳои худ чӣ менависанд?

Маъракаи даъвати навбатӣ ба охир расида, касе хурсандона ба хонааш баргашта, зиндагии минбаъдаро тарҳрезӣ мекунад. Ҷойи сарбозони “кӯҳансол”-ро акнун нафароне мегиранд, ки аллакай якуним сол хизмат карда, бесаброна фармони навбатии рухсатиро дар моҳи сентябр интизоранд. Фазлиддин, ки соли 2017 бо роҳи маҷбурӣ қапида бурдан (облава) дар бозор ба хизмат рафта буд, тирамоҳ ба хона бармегардад. […]

Asia-Plus

Маъракаи даъвати навбатӣ ба охир расида, касе хурсандона ба хонааш баргашта, зиндагии минбаъдаро тарҳрезӣ мекунад. Ҷойи сарбозони “кӯҳансол”-ро акнун нафароне мегиранд, ки аллакай якуним сол хизмат карда, бесаброна фармони навбатии рухсатиро дар моҳи сентябр интизоранд.

Фазлиддин, ки соли 2017 бо роҳи маҷбурӣ қапида бурдан (облава) дар бозор ба хизмат рафта буд, тирамоҳ ба хона бармегардад.

“Аввал душвориҳо буданд, баъдан писарам ба хизмат одат кард, – мегӯяд падари ӯ Шарофиддин, омӯзгор. – Дар хона ҳам мо хавотирӣ доштем, лекин баъд одат кардем. Акнун ифтихор дорам, ки писари калониам дар артиш хизмат мекунад. Худо хоҳад, тобистон баргашта, барои ба мактаби олӣ дохил шудан тайёрӣ мебинад”.

Падари Фазлиддин мегӯяд, пеш аз хизмат писараш беҳудагардиву авбошӣ мекард ва акнун умедвор аст, ки дар хизмат ақлаш ба ҷояш даромадааст.

“Чанде пеш ба рухсатӣ омада буд, ман ҳайрон шудам, ки то чӣ андоза рафтораш хуб шудааст. Дар хизмат ӯ ҳурмат кардани калонсолонро омӯхтааст, бахусус бо модару хоҳаронаш меҳрубонона рафтор мекунад”, – изҳор мекунад падари сарбоз.

Ӯ чанде аз навиштаҷоти писарашро дар дафтар ҳангоми хизмати ҳарбӣ ба мо пешниҳод намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.