Фарзанди Гулбегим, муҳоҷирзани фавтида ба садама дучор шуд

Юсуф фарзанди калонии Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кард, ба садама дучор шуд. Абдурауф Раҳмонов, падари Гулбегим ва бобои Юсуф дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ автомашинаи сабукрав Нишастамоҳ, модаркалони Юсуф ва ӯро пахш мекунад. Дар натиҷа Юсуфи шашсола ва модарбузургаш дар […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Юсуф фарзанди калонии Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кард, ба садама дучор шуд.

Абдурауф Раҳмонов, падари Гулбегим ва бобои Юсуф дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ автомашинаи сабукрав Нишастамоҳ, модаркалони Юсуф ва ӯро пахш мекунад. Дар натиҷа Юсуфи шашсола ва модарбузургаш дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ мегарданд.

Тавре Абдурауф Раҳмон иброз дошт:

– Вақте аз роҳи бозори “Саховат” мегузаранд, мошин онҳоро мезанад ва ин ҳам сахт не. Ягон ҷароҳат набардоштанд, хубу саломатанд. Танҳо ронанда хоҳиш кард ва онҳоро ба беморхона бояд  бурд, то аз ташхис гузаранд. Ду рӯз аст, ки дар беморхонаи Қарияи-Боло қарор доранд ва бояд ҷавоб шаванд. Ронанда кӯмак карда истодааст истодааст ва Худоро шукр Ҳарду саломатанд. Ягон узви баданашон осеб надидаааст.  

Ёдрас мешавем, ки Гулбегим Раҳмонова пас аз марги шавҳар моҳи феврали соли 2019 барои пулкоркунӣ ва таъмини рӯзгори оила ба Русия рафтааст ва моҳи майи ҳамин сол  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кард.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.

Бо талоши диаспораи тоҷикон ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо намуда, ҷасади Гулбегим ба ватан фиристода шуд ва рӯзи 14 май дар оромгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дафн гардид.

Акнун ду фарзанди ӯ – Юсуфи 6-сола ва Абдуллои 3-сола, ки дар тарбияи бобо вабибиашон – модари Гулбегим қарор доранд, ятим монданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.