Фарзанди Гулбегим, муҳоҷирзани фавтида ба садама дучор шуд

Date:

Юсуф фарзанди калонии Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кард, ба садама дучор шуд.

Абдурауф Раҳмонов, падари Гулбегим ва бобои Юсуф дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ автомашинаи сабукрав Нишастамоҳ, модаркалони Юсуф ва ӯро пахш мекунад. Дар натиҷа Юсуфи шашсола ва модарбузургаш дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ мегарданд.

Тавре Абдурауф Раҳмон иброз дошт:

– Вақте аз роҳи бозори “Саховат” мегузаранд, мошин онҳоро мезанад ва ин ҳам сахт не. Ягон ҷароҳат набардоштанд, хубу саломатанд. Танҳо ронанда хоҳиш кард ва онҳоро ба беморхона бояд  бурд, то аз ташхис гузаранд. Ду рӯз аст, ки дар беморхонаи Қарияи-Боло қарор доранд ва бояд ҷавоб шаванд. Ронанда кӯмак карда истодааст истодааст ва Худоро шукр Ҳарду саломатанд. Ягон узви баданашон осеб надидаааст.  

Ёдрас мешавем, ки Гулбегим Раҳмонова пас аз марги шавҳар моҳи феврали соли 2019 барои пулкоркунӣ ва таъмини рӯзгори оила ба Русия рафтааст ва моҳи майи ҳамин сол  дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кард.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.

Бо талоши диаспораи тоҷикон ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо намуда, ҷасади Гулбегим ба ватан фиристода шуд ва рӯзи 14 май дар оромгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дафн гардид.

Акнун ду фарзанди ӯ – Юсуфи 6-сола ва Абдуллои 3-сола, ки дар тарбияи бобо вабибиашон – модари Гулбегим қарор доранд, ятим монданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...