Александр Лукашенко: “Дар Беларус Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум хуб мешиносад

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо Маҳмадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон дар Белорус гуфт, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷамъбасти бозиҳои Аврупоӣ ба Белорус ояд. Бозиҳои Аврупоӣ аз 21 то 30 июн дар шаҳри Минск баргузор мешаванд. Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорус, Лукашенко изҳор […]

Sputnik Тоҷикистон

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо Маҳмадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон дар Белорус гуфт, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷамъбасти бозиҳои Аврупоӣ ба Белорус ояд. Бозиҳои Аврупоӣ аз 21 то 30 июн дар шаҳри Минск баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорус, Лукашенко изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз дар ин кишвар мемонад ва ҷонибҳо раванди татбиқи созишҳои ҷойдоштаро баррасӣ  хоҳанд кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Белорус, дар ин кишвар Раҳмонро на танҳо элита ва сиёсатмадорҳо, балки оммаи мардум хуб мешиносад ва сафарашро интизоранд.

“Аз наздик бо Белорус шинос мешавад, ки табиатан аз кишвари шумо фарқ дорад. Дар шумо бештар куҳсор аст, мутаассифона дар мо нест. Аммо кишвари шумо мавзеъҳои монанди Белорусро низ дорад, маро ба он ноҳияҳо бурданд, нишон доданд. Ӯ чанд рӯз рӯз дар ин ҷо мемонад ва мо бо шумо бояд истиқболи сазовор кунем”, – изҳор доштааст Лукашенко дар хитоб ба сафири Тоҷикистон.

Раисиҷумҳури Белорус бисёр муҳим хондааст, ки тавофуқоти ҳосилшудаи ду кишвар амалӣ гарданд, чун ду ҷониб нақшаи амал доранду он бояд татбиқ шавад.

Ӯ аз созиш бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ташкили боғҳои дӯстӣ дар Белорус зикр карда, гуфт, ки аллакай ниҳолҳои мевадор аз Тоҷикистон дар вилоятҳои Брест ва Гомел мавҷуд мебошанд.

“Агар пеш равад, шумо пешоҳангҳои интиқоли боғҳои ҷануби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Белорус хоҳед буд. Фикр мекунам, ин кор муваффақ хоҳад буд”, – афзудааст Лукашенко.

Ӯ ҳамчунин аз тавлиди тракторҳои Белорус дар шаҳри Ҳисор зикр карда, гуфт дар кишварҳои ҳамсоя низ ба онҳо талаботи зиёд аст. Раисиҷумҳури Белорус барои густариши ҳамкориҳо дар ин бахш бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорус, Лукашенко на танҳо аз паҳлуҳои мусбат, балки аз камбудиҳо низ суҳбат карда, аз коҳиши додугирифти мол миёни ду кишвар изҳори нигаронӣ наму. Ӯ таъкид кард, ки Вазорати умури хориҷии ду кишвар ва Ҳукуматҳо бояд сари ин масъала кор кунанду роҳи баромад ба кишварҳои сеюмро низ пайдо намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.