Борону раъду барқ ва жола: обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон боқӣ мемонад

Дар ин давра дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Суғд боридани борони пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Дар давраи рӯзҳои аз 5 то 6 июн дар қаламрави кишвар боронҳои пуршиддат дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо (ба ҷуз ВМКБ) боло меравад. Ёдрас мекунем, ки боришоти шиддатноки чанд […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар ин давра дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Суғд боридани борони пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.

Дар давраи рӯзҳои аз 5 то 6 июн дар қаламрави кишвар боронҳои пуршиддат дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо (ба ҷуз ВМКБ) боло меравад.

Ёдрас мекунем, ки боришоти шиддатноки чанд рӯзи охир ба ҳалокати як нафар сокини 18-солаи ноҳияи Хуросон боис гардида, ба хеле зиёд манзилу заминҳои кишт, дигар биноҳову иншооти зерсохтор зиёни ҷиддӣ расонид.

Санаи 3 июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон боздид намуд. Ӯ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки таъҷилан аз пайи рафъи оқибатҳои офати табиӣ шаванд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон зиёда аз 7 меъёри моҳонаи боришот рух дод. Чунин боришот, ба гуфтаи онҳо, давоми 90 соли охир дар кишвар ба мушоҳида нарасидааст. Маъмулан раъду барқ охирҳои моҳи май ба охир расида, тобистон боронҳо кӯтоҳмуддат ва бехатар буданд.

Дар Душанбе рӯзҳои 5 ва 6 июн обуҳавои тағйирёбандаи абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.