Байни варзишгарон киҳо аз ҳама зиёдтар пул кор мекунанд?

Date:

Маҷаллаи амрикоии Forbes рӯйхати 100 нафар варзишгарони баландмуздтарини саросари дунёро нашр кард. Бори нахуст дар сегонаи аввали феҳрист футболбозон қарор доранд.

Футболбози дастаи “Барселона” (Испания) ва мнутахаби Аргентина Лионел Месси пешсафи рӯйхат буда, маблағи коркардаи ӯ давоми як сол 127 млн. долларро ташкил додааст.

Дар мақоми дуюм рақиби ӯ – футболбози португалии дастаи “Ювентус” (Италия) Криштиану Роналду қарор дорад, ки 109 млн. доллар маблағ кор кардааст. Зинаи сеюмро ҳамлагари бразилиягии дастаи “ПСЖ” (Фаронса) Неймар ишғол намуда, дар як сол ба ӯ дар ҳаҷми 105 млн. доллар маблағ пардохт шудааст.

Ба даҳгонаи баландмуздтарин варзишгарони сайёра ҳамчунин муштзани мексикоӣ Саул Алварес ($94 млн.), теннисбози швейтсарӣ Роҷер Федерер ($93,4 млн.), Расселл Уилсон,"Сиэтл", футболи амрикоӣ ($89,5 млн.), Аарон Роҷерс, "Грин-Бэй", футболи амрикоӣ ($89,3 млн.), баскетболбозони амрикоӣ Леброн Ҷеймс ($89 млн.), Стефен Карри ($79,8 млн.) ва Кевин Дюрант ($65,4 млн.) шомиланд.

Аз намояндагони кишварҳои узви ИДМ муштзани қазоқистонӣ Геннадий Головкин дар ин феҳрист зикр шудааст, ки соли гузашта 25,5 млн. доллар маблағ ба даст овардааст. Бо ин нишондиҳандла ӯ дар зинаи 95-уми рейтинг қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...