Бекор шудани ҳамаи монеъаҳои содироти маснӯоти заргарӣ аз Ӯзбекистон

Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сар аз 1 июл қоидаҳои нави содироти маснуоти заргариро ба хориҷ ҷорӣ мекунад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, акнун ҳамаи монеаҳо ва маҳдудиятҳои содироти маснуоти заргарии гаронарзиш ба хориҷ бардошта мешавад. Дар ин бора Нодир Мирахмедов, муовини раиси эътилофи "Ӯзбекзаргарсаноат" ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст. "То ин замон содироти маснуоти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сар аз 1 июл қоидаҳои нави содироти маснуоти заргариро ба хориҷ ҷорӣ мекунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, акнун ҳамаи монеаҳо ва маҳдудиятҳои содироти маснуоти заргарии гаронарзиш ба хориҷ бардошта мешавад. Дар ин бора Нодир Мирахмедов, муовини раиси эътилофи "Ӯзбекзаргарсаноат" ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.

"То ин замон содироти маснуоти заргарие манъ буд, ки аз 5 ҳазор доллар бештар арзиш дошт. Ин ҳам қатъиян манъ набуд, вале ҳуҷҷатгузориаш бештар буд. Ба ҷуз ин, пардохти иловагӣ дошт", – гуфтааст вай.

Ба гуфтаи Мирахмедов, ҳолатҳое буд, ки саёҳони хориҷӣ аз Самарқанду Бухоро мехостанд, маснуоти заргарӣ харидорӣ кунанд, аммо баъди он ки мефаҳмиданд, ҳуҷҷатгузории он мушкил дорад, аз раъйи худ мегаштанд.

"Акнун ҳар шахси воқеӣ метавонад, маснуоти заргарии мавриди писанди худро харидорӣ карда, ба хориҷ барад. Дар маҷмуъ, ин як қадами бузургест барои истеҳсолкунандаи ватанӣ", – изҳор намудааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.