Байни варзишгарон киҳо аз ҳама зиёдтар пул кор мекунанд?

Маҷаллаи амрикоии Forbes рӯйхати 100 нафар варзишгарони баландмуздтарини саросари дунёро нашр кард. Бори нахуст дар сегонаи аввали феҳрист футболбозон қарор доранд. Футболбози дастаи “Барселона” (Испания) ва мнутахаби Аргентина Лионел Месси пешсафи рӯйхат буда, маблағи коркардаи ӯ давоми як сол 127 млн. долларро ташкил додааст. Дар мақоми дуюм рақиби ӯ – футболбози португалии дастаи “Ювентус” (Италия) […]

Asia-Plus

Маҷаллаи амрикоии Forbes рӯйхати 100 нафар варзишгарони баландмуздтарини саросари дунёро нашр кард. Бори нахуст дар сегонаи аввали феҳрист футболбозон қарор доранд.

Футболбози дастаи “Барселона” (Испания) ва мнутахаби Аргентина Лионел Месси пешсафи рӯйхат буда, маблағи коркардаи ӯ давоми як сол 127 млн. долларро ташкил додааст.

Дар мақоми дуюм рақиби ӯ – футболбози португалии дастаи “Ювентус” (Италия) Криштиану Роналду қарор дорад, ки 109 млн. доллар маблағ кор кардааст. Зинаи сеюмро ҳамлагари бразилиягии дастаи “ПСЖ” (Фаронса) Неймар ишғол намуда, дар як сол ба ӯ дар ҳаҷми 105 млн. доллар маблағ пардохт шудааст.

Ба даҳгонаи баландмуздтарин варзишгарони сайёра ҳамчунин муштзани мексикоӣ Саул Алварес ($94 млн.), теннисбози швейтсарӣ Роҷер Федерер ($93,4 млн.), Расселл Уилсон,"Сиэтл", футболи амрикоӣ ($89,5 млн.), Аарон Роҷерс, "Грин-Бэй", футболи амрикоӣ ($89,3 млн.), баскетболбозони амрикоӣ Леброн Ҷеймс ($89 млн.), Стефен Карри ($79,8 млн.) ва Кевин Дюрант ($65,4 млн.) шомиланд.

Аз намояндагони кишварҳои узви ИДМ муштзани қазоқистонӣ Геннадий Головкин дар ин феҳрист зикр шудааст, ки соли гузашта 25,5 млн. доллар маблағ ба даст овардааст. Бо ин нишондиҳандла ӯ дар зинаи 95-уми рейтинг қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.