Камбуди асъор ба буҳрони сӯзишворӣ боис шуда метавонад

Date:

Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишвории Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози соли равон ба мушкилоти мубодилаи асъор дучор шудаанд.

Онҳо аз Русия маводи сӯзишворӣ харида, онро ба кишвари мо оварда мефурӯшанд. Бо сомонӣ. Барои овардани миқдори нави сӯзишворӣ сомониро мебояд бо рубли русӣ ё доллар иваз намуд. Гӯё як чизи оддие бошад. Дар амал бошад, иҷрои он ғайриимкон аст. Дар суратҳисобҳои ширкатҳои воридкунанда миллионҳо сомонӣ ҷамъ шуда, лекин онҳоро ба рубл ё доллар иваз карда наметавонанд. Мутаносибан, дар Русия низ  ба харидани миқдори нави маводи сӯзишворӣ имкон надоранд.

Тибқи баъзе маълумот, дар суратҳисобҳои танҳо як ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”, ки наздики 55% аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвориро ба кишвари мо ворид мекунад, аллакай беш аз 200 млн. сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст, ки ба 1,5 млрд. рубли русӣ баробар аст. Раҳбарияти ин ширкат аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзида, дар ҳамин ҳол, вазъро “мушкил” эътироф намуд.

Дар дигар ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ, ки мо ба онҳо муроҷиат намудем, қайд карданд, ки ивази сомонӣ ба асъори мубодилаи озод торафт душвор мешавад. Дар ҳамин ҳол, роҳбарони бахши бонкӣ масъаларо ба тавре возеҳу аён ба онҳо шарҳ намедиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъҳои огаҳ аз вазъ, чанде аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ аллакай баҳри кумак дар ҳалли масъала ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Ширкатҳо огоҳ мекунанд, ки агар дар ин самт таъҷилан баҳри ислоҳи вазъ чораҷӯӣ нашавад, воридоти маҳсулоти нафтӣ метавонад ба таври қобили мулоҳиза кам шавад ё комилан қатъ гардад.

“Ҳатто камбуди начандон зиёди маҳсулоти нафтӣ ба болоравии арзиши он боис гардида, дар натиҷа қиматшавии дигар ҳама маҳсулот низ оғоз мегардад, зеро ба нуқтаҳои фурӯш маҳсулот бо нақлиёт расонида мешавад”, – иброз дошт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов.

Ӯ дар бораи оқибатҳои қатъи воридоти сӯзишворӣ барои нақлиёт ба муддати ҳамагӣ чанд шабонарӯз коршиносона изҳори назар кард.

Шакли пурраи мусоҳиба дар шумораи нави газетаи «Asia-Plus», ки аллакай дар фурӯш аст, қобили дарёфт мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...