Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо дастгирии моддии Ҳукумати Федератсияи Русия ба беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдаки таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва маводи тибби ба маблағи 700.000 доллари амрикоӣ супорид. Маросими расмии супоридани ин таҷҳизотҳои тиббӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон “Зиндамонӣ ва рушди бармаҳали кӯдакон” баргузор гардид. Маблағгузорӣ, хариди таҷҳозоти тиббӣ ва дастгирии техникӣ саҳми муҳими Ҳукумати Русия барои паст кардани сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд кард, ки беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдаки яке аз 12 ноҳияи интихобшуда мебошад, ки таҷҳизоти тиббӣ гирифтанд. Лоиҳаи “Зиндамонӣ ва рушди бармаҳали кӯдакон” соли 2016 оғоз ёфта, мақсади асосии ин лоиҳа паст намудани сатҳи фавти кӯдакон ва зиёд намудани имконияти дастрасии модарон ва кӯдакони навзод ба хизматрасонии тиббӣ дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон, ба монанди Панҷакент, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Дарвоз, Мурғоб, Ишкошим, Рӯдакӣ, Рашт ва Лахш мебошад.
Дар маросими расмии супоридани таҷҳозотҳои тибби муовини вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Азиз Абдусаттор, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини иштирок намуданд. Дар давоми татбиқгардонии лоиҳаи мазкур ҳамчунин як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони марказҳои тиббӣ гузаронида шуд.
Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семенович Лякин-Фролов дар баромади хеш дар маросими супоридани таҷҳизот дар ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуд:
“Миннатдории худро ба онҳое, ки имконияти иштирок дар ин чорабиниро фароҳам овардаанд, мерасонам. Бо дарназардошти муносибатҳои дӯстона ва стратегии байни Тоҷикистону Россия, кишвари мо пайваста тибқи нақша барои ба даст овардани дастовардҳо дар самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин ва дигар лоиҳаҳо нишонаи манфиатдор будани кишвари мо барои пешрафт ва рушди мардуми Тоҷикистон аст.”
Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Калестини зимни баромади худ қайд намуд:
“Солимии кӯдакон ва модарон сармояи муҳимтарини ҳар як давлат буда, он яке аз самтҳои афзалиятноки ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва солимгардонии онҳо якҷоя кор намоем. Дар навбати худ миннатдории хешро ба Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии чандинсолаи онҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ва хариди таҷҳизоти техникии мазкур мерасонем. Бояд қайд кард, ки пешниҳоди ин таҷҳизот оғози солимии шаҳрвандони “хурдакак”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.”
Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиндамонии кӯдакон, пайдо ва бартараф намудани камбудиҳо дар системаи тандурустӣ ва муҳофизату солимии ҳар як модару кӯдак бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Бо мақсади кам намудани сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон барномаи дастгирии моддӣ-техникӣ ва машваратӣ ба роҳ монда шудааст.


