Адвокат: «Ҳаёти Гулнора Каримова дар хатар аст»

Date:

Грегуар Манжа, вакили мудофеъи Гулнора Каримова дар Швейтсария аз қатъи интиқоли 555 млн. доллар  то замони озод шудани ҳимояшавандааш хабар дод. Дар ин бора адвокат имрӯз дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст.

«Сеюмин ғалабаи бузург дар додгоҳи федеролии Швейтсария (1-уми июл). Ҷуброни (интиқоли) 555 милион доллар фавран қатъ гардид. Ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон то замоне, ки ин кишвар ба боздошти худсаронаи ҳимояшавандаи мо [Гулнора Каримова] хотима надиҳад, ба роҳ монда нахоҳад шуд.  Ба ӯ рӯз то рӯз бештар фишор оварда мешавад. Ҳаёти Каримова дар хатар аст», — менависад Манжа.

Қаблан ҳам духтари Гулнора Каримова – Имон Каримова дар саҳифаи Инстаграми худ хабар дода буд, ки Швейтсария интиқоли маблағҳои модари ӯро ба ҳукумати Ӯзбекистон қатъ намудааст.

Имон додситон ва сарвари зиндонро, ки Гулнора Каримова дар он нигаҳдорӣ мешавад, ба он айбдор мекунад, ки онҳо барои модари ӯ шароити вазнин сохтаанд,  ёрии лозимаи тиббӣ намерасонанд ва болояш фишори равонӣ меоранд.

"Модари ман мувоҷеҳи хатари ҷисмонӣ аз раисаи боздоштгоҳ аст. Зеро вазнинии шароите, ки ӯ дар он қарор дорад, ҳатто барои хавфноктарин ҷинояткорон нест…", – навиштааст Имон Каримова дар мактуби худ рӯзи 2-юми июл.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...