Адвокат: «Ҳаёти Гулнора Каримова дар хатар аст»

Грегуар Манжа, вакили мудофеъи Гулнора Каримова дар Швейтсария аз қатъи интиқоли 555 млн. доллар  то замони озод шудани ҳимояшавандааш хабар дод. Дар ин бора адвокат имрӯз дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст. «Сеюмин ғалабаи бузург дар додгоҳи федеролии Швейтсария (1-уми июл). Ҷуброни (интиқоли) 555 милион доллар фавран қатъ гардид. Ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон то замоне, ки ин […]

Тарҷумаи коромӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Грегуар Манжа, вакили мудофеъи Гулнора Каримова дар Швейтсария аз қатъи интиқоли 555 млн. доллар  то замони озод шудани ҳимояшавандааш хабар дод. Дар ин бора адвокат имрӯз дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст.

«Сеюмин ғалабаи бузург дар додгоҳи федеролии Швейтсария (1-уми июл). Ҷуброни (интиқоли) 555 милион доллар фавран қатъ гардид. Ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон то замоне, ки ин кишвар ба боздошти худсаронаи ҳимояшавандаи мо [Гулнора Каримова] хотима надиҳад, ба роҳ монда нахоҳад шуд.  Ба ӯ рӯз то рӯз бештар фишор оварда мешавад. Ҳаёти Каримова дар хатар аст», — менависад Манжа.

Қаблан ҳам духтари Гулнора Каримова – Имон Каримова дар саҳифаи Инстаграми худ хабар дода буд, ки Швейтсария интиқоли маблағҳои модари ӯро ба ҳукумати Ӯзбекистон қатъ намудааст.

Имон додситон ва сарвари зиндонро, ки Гулнора Каримова дар он нигаҳдорӣ мешавад, ба он айбдор мекунад, ки онҳо барои модари ӯ шароити вазнин сохтаанд,  ёрии лозимаи тиббӣ намерасонанд ва болояш фишори равонӣ меоранд.

"Модари ман мувоҷеҳи хатари ҷисмонӣ аз раисаи боздоштгоҳ аст. Зеро вазнинии шароите, ки ӯ дар он қарор дорад, ҳатто барои хавфноктарин ҷинояткорон нест…", – навиштааст Имон Каримова дар мактуби худ рӯзи 2-юми июл.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.