Лемпард сармураббии «Челси» таъин гардид.

Бошгоҳи футболи «Челси» ба вазифаи сармураббии ин даста интихоб гардидани Френк Лемпардро эълон дошт. Шартнома бо ӯ ба мӯҳлати се сол имзо шудааст. Ҷонибҳо баъди музокироти 6-соата, ки бегоҳи рӯзи гузашта анҷом ёфт, дар ин хусус  ба созиш расиданд, менависад Sports.ru. Мураббии 41-солаи англис дар ин вазифа Мауритсио Сарриро, ки дастаро аз соли 2018 саробонӣ […]

Тарҷумаи коромӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Бошгоҳи футболи «Челси» ба вазифаи сармураббии ин даста интихоб гардидани Френк Лемпардро эълон дошт. Шартнома бо ӯ ба мӯҳлати се сол имзо шудааст.

Ҷонибҳо баъди музокироти 6-соата, ки бегоҳи рӯзи гузашта анҷом ёфт, дар ин хусус  ба созиш расиданд, менависад Sports.ru.

Мураббии 41-солаи англис дар ин вазифа Мауритсио Сарриро, ки дастаро аз соли 2018 саробонӣ мекард, иваз намуд. Таҳти роҳнамоии мураббии итолиёвӣ «кабудҳо» дар қаҳрамонии Англия мақоми саввумро касб намуда, ҳамчунин бо ғолиб омадан дар бозии даври ниҳоӣ бар дастаи «Арсенал» (4:1), барандаи Лигаи Аврупо шуданд.

Сарри рӯзи 16 июн аз вазифаи мураббигии аввали  «Челси» ба вазифаи монанд ба дастаи «Ювентус» гузашт.

Лемпард дар мавсими гузашта «Дерби Каунти»-ро то ба даври плей-оффи “чемпионшип” роҳнамоӣ карда, вале дар марҳалаи баъдӣ роҳхатро ба «Астон Вилле» тақдим кард.

Ёдовар мешавем, ки  аз соли 2001 то 2014 Лемпард дар ҳайати дастаи “Челси”ба ҳайси бозингар 648 бозӣ анҷом дода, ба задани 211 гол ва ҳамин тариқ, ба унвони беҳтарин нишонзан дар таърихи  даста шарафёб гардидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.