Ҷарроҳии сеюми Осия. Акнун ӯро ба часпонидани пӯст омода мекунанд

Марҳилаи ҷарроҳии сеюми Осияи 6-сола  1,5 соат тӯл кашида, фардо шояд ҷарроҳи чорум низ анҷом дода шавад, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс”, мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе Тоҳир Зубайдов. Мавсуф, ки табобати Осия зери назорати ӯ қарор дорад, гуфт, ки ду ҷарроҳии беморро ҳамроҳ бо профессори олмонӣ ва як ҷарроҳии дигари […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Марҳилаи ҷарроҳии сеюми Осияи 6-сола  1,5 соат тӯл кашида, фардо шояд ҷарроҳи чорум низ анҷом дода шавад, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс”, мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе Тоҳир Зубайдов.

Мавсуф, ки табобати Осия зери назорати ӯ қарор дорад, гуфт, ки ду ҷарроҳии беморро ҳамроҳ бо профессори олмонӣ ва як ҷарроҳии дигари Осияро худи онҳо анҷом додаанд.

“Имрӯз бо Эдгор Бимер ҷарроҳии некрэктомия, бурида гирифтани бофтаҳои сӯхта гузаронида шуд. Ин намуди ҷарроҳӣ барои дар оянда часпонидани пӯст аз ҷойҳои солим пешбинӣ мешавад. Фардо дар назар аст, ки бори дигар дар бадани бемор ҷарроҳии тармими озодро гузаронем, аммо аз ҳолати бемор вобастагӣ дорад ”, – гуфт Зубайдов.

То чанд маротибаи дигар Осия ҷарроҳӣ хоҳад шуд, феълан маълум нест. Вале Худи Эдгар Бимер вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе ташриф овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.